Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба радиои «Садои Амрико» сиёсатшиноси рус, роҳбари шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои узви ИДМ Андрей Грозин изҳор доштааст, ки вазъи иқтисоди ҳеҷ кадоме аз кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ устувору босубот нест.
А.Грозин гуфтааст, дар сохти давлатдории кишварҳо баъзе тавофут ҷой дорад. «Дар ҳукумати Тоҷикистон муттаҳидӣ ба чашм мерасад», – гуфтааст ӯ.
Ба қавли сиёсатшиноси рус, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон сол то сол муташанниҷ мегардад. «Ғайр аз ин, аксари намояндагони элитаи минтақаҳо аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки хешу ақрабои сарвари давлат тамоми бахши тиҷоратро таҳти назорати худ қарор додаанд», – зикр намудааст ӯ.
Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи сиёсатшинос, чунин вазъ панҷ сол қабл низ ҷой дошт ва аз эҳтимол дур нест, ки боз баъди гузашти панҷ соли дигар низ тағйироте дар кишвар ба вуҷуд наояд.


