Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон сол то сол муташанниҷ мегардад, – назари сиёсатшиноси рус

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба радиои «Садои Амрико» сиёсатшиноси рус, роҳбари шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои узви ИДМ Андрей Грозин изҳор доштааст, ки вазъи иқтисоди ҳеҷ кадоме аз кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ устувору босубот нест.            А.Грозин гуфтааст, дар сохти давлатдории кишварҳо баъзе тавофут ҷой дорад. «Дар ҳукумати […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба радиои «Садои Амрико» сиёсатшиноси рус, роҳбари шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои узви ИДМ Андрей Грозин изҳор доштааст, ки вазъи иқтисоди ҳеҷ кадоме аз кишварҳои минтақаи Осиё Марказӣ устувору босубот нест.




           А.Грозин гуфтааст, дар сохти давлатдории кишварҳо баъзе тавофут ҷой дорад. «Дар ҳукумати Тоҷикистон муттаҳидӣ ба чашм мерасад», – гуфтааст ӯ.




           

Ба қавли сиёсатшиноси рус, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон сол то сол муташанниҷ мегардад. «Ғайр аз ин, аксари намояндагони элитаи минтақаҳо аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки хешу ақрабои сарвари давлат тамоми бахши тиҷоратро таҳти назорати худ қарор додаанд», – зикр намудааст ӯ.




           

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи сиёсатшинос, чунин вазъ панҷ сол қабл низ ҷой дошт ва аз эҳтимол дур нест, ки боз баъди гузашти панҷ соли дигар низ тағйироте дар кишвар ба вуҷуд наояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.