Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон Георгий Петров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пешниҳоди коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёд кардани нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, зеро иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи кӯли Сарез 150 МВт-ро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки иқтидори нерӯгоҳи Роғун ба 3600 мегаватт баробар хоҳад буд.
Г.Петров мегӯяд, арзиши корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Сарез хеле гарон хоҳад буд, зеро иншоотро лозим меояд дар манотиқи душворгузари кӯҳӣ бунёд кард ва он ҷо то ҳанӯз ҳатто хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд надоранд. Дар мавриди коҳиши хавфи рахнашавии сарбанди Усой, коршинос зикр кард, ки он амалан ба лоиҳаи Роғун ҳеҷ муносибате надорад. «Баҳри ҳалли масъалаи мазкур Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Даштиҷум дар рӯдхонаи Панҷро ба нақша гирифтааст ва обанбори ин нерӯгоҳ қодир аст, хатари рахнашавии сарбанди Сарезро пешгирӣ кунад», – гуфт ӯ.
Ба қавли Г.Петров, пешниҳоди сарвари давлати Тоҷикистон оид ба истифодаи оби кӯли Сарез чун оби тозаи нӯшокӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон дар як вақт метавонад ҳам масъалаи паст гаштани мизони оби кӯл ва ҳам хавфи рахнашавии сарбандро ҳал намояд.


