Нерӯгоҳи Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, – назари коршинос

               Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон Георгий Петров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пешниҳоди коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёд кардани нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, зеро иқтидори […]

Далер Ғуфронов





           








  

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон Георгий Петров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пешниҳоди коршиносони бахши энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи ба ивази нерӯгоҳи Роғун бунёд кардани нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ба иншооти бузургтарини гидроэнергетикӣ дар минтақа – НБО Роғун баробар шуда наметавонад, зеро иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи кӯли Сарез 150 МВт-ро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки иқтидори нерӯгоҳи Роғун ба 3600 мегаватт баробар хоҳад буд.









           

Г.Петров мегӯяд, арзиши корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Сарез хеле гарон хоҳад буд, зеро иншоотро лозим меояд дар манотиқи душворгузари кӯҳӣ бунёд кард ва он ҷо то ҳанӯз ҳатто хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд надоранд. Дар мавриди коҳиши хавфи рахнашавии сарбанди Усой, коршинос зикр кард, ки он амалан ба лоиҳаи Роғун ҳеҷ муносибате надорад. «Баҳри ҳалли масъалаи мазкур Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Даштиҷум дар рӯдхонаи Панҷро ба нақша гирифтааст ва обанбори ин нерӯгоҳ қодир аст, хатари рахнашавии сарбанди Сарезро пешгирӣ кунад», – гуфт ӯ.








           

Ба қавли Г.Петров, пешниҳоди сарвари давлати Тоҷикистон оид ба истифодаи оби кӯли Сарез чун оби тозаи нӯшокӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон дар як вақт метавонад ҳам масъалаи паст гаштани мизони оби кӯл ва ҳам хавфи рахнашавии сарбандро ҳал намояд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд