Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки ҳарчанд мақомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик» доимо таъкид месохтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта пойтахти кишварро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард, вале ӯ аз натиҷаи фаъолияти онҳо қаноатманд нест.
М.Убайдуллоев зикр кард, ки ҳудуди 70 дарсади арзу шикояти сокинони шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистон маҳз ба таъминот бо барқ марбут аст.
Дар навбати худ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов гуфт, дар муқоиса бо мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта, ҳаҷми таъминот бо барқ дар пойтахт ба андозаи 44 дарсад коҳиш ёфтааст.
Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади коҳиши ҳаҷми талафоти барқ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати суръат бахшидани корҳои
насби ҳисобкунакҳои электронии барқ дар манозили сокинон супоришоти мушаххас дод.
Тибқи маълумоти сохтори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ, айни замон дар корхонаву муассисот ва манозили зисти сокинони пойтахт 16 ҳазор ҳисобкунакҳои эдектронии барқ насб гардида, то ахири сол расонидани шумори он то 165 ҳазор ба нақша гирифта шудааст.


