Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» метавонад бозистад

            Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз бинокорон тариқи хаттӣ мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1»-ро дар бораи даст задан ба коршиканӣ огоҳ карданд. Онҳо пардохти музди меҳнат аз моҳи декабри соли гузашта то имрӯзро тақозо доранд ва дар сурати иҷро нагардидани талабот, таҳдид доранд, ки корҳои сохтмониро комилан қатъ месозанд. Дар ин бора […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз бинокорон тариқи хаттӣ мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1»-ро дар бораи даст задан ба коршиканӣ огоҳ карданд. Онҳо пардохти музди меҳнат аз моҳи декабри соли гузашта то имрӯзро тақозо доранд ва дар сурати иҷро нагардидани талабот, таҳдид доранд, ки корҳои сохтмониро комилан қатъ месозанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад.





           

Дар иттилои хабаргузорӣ гуфта мешавад, аз ситоди сохтмони нерӯгоҳ хабар додаанд, ки дар натиҷаи пардохт нагардидани қарз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 10 млн. $, онҳо имкон надоранд музди меҳнати бинокоронро ҳисоббаробарӣ намоянд ва мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон аз ин вазъ ба хубӣ огоҳ аст. «Мо борҳо ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ хотиррасон намудем, ки бинобар напардохтани қарз аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик», ширкати

 

мо наметавонад ҷиҳати анҷоми пурраи сохтмони иншоот таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда, музди меҳнати коргаронро пардохт намояд, вале то ҳанӯз посухи мушаххасе нагирифтаем», – омадааст дар хабар.




           

Бояд гуфт, дар воҳидҳои ширкати мазкур тақрибан 400 коргари соҳибихтисос фаъолият дорад. Анҷоми пурраи сохтмони иншоот ахири моҳи март ба нақша гирифта шуда буд, аммо чанде қабл он то ахири моҳи апрел дароз карда шуд. Бинокорон итминони комил надоранд, ки ин мӯҳлат низ мавқуф гузошта нашавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд