Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои 20 кишвари мутараққии ҷаҳон дар Лондон гуфта мешавад, барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.
Пан Ги Мун аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бӯҳрони молӣ метавонад ба муташанниҷ гаштани вазъ дар саросари дунё боис гардад ва аз ин рӯ, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати сабук гардонидани оқибатҳои он барои қишри осебпазири ҷомеа чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дабири кулли СММ ба иштирокдорони нишаст тавсия додааст, ки ба мушкилоти вазъи муҳоҷирон, ки ба бӯҳрони молӣ марбут аст, таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир созанд. Ӯ пешниҳод кардааст, як низоми нави иқтисодиву молиявӣ, ки таҷассумгари тағйироти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон бошад, ташкил гардад, то ки мамолики дорои иқтисоди начандон қавӣ ва кишварҳои дарҳоли рушд қарордошта имкон дошта бошанд, дар ҳалли тасмимоти муҳим дар ин бахш ширкат варзанд.


