Дабири кулли СММ: Барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст

            Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои 20 кишвари мутараққии ҷаҳон дар Лондон гуфта мешавад, барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.             […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар номаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун унвонии иштирокдорони нишасти сарони кишварҳои 20 кишвари мутараққии ҷаҳон дар Лондон гуфта мешавад, барои дастгирии мамолики дар ҳоли рушд қарордошта дар давраи бӯҳрон на камтар аз 1 триллион $ зарур аст. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.





           

Пан Ги Мун аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бӯҳрони молӣ метавонад ба муташанниҷ гаштани вазъ дар саросари дунё боис гардад ва аз ин рӯ, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати сабук гардонидани оқибатҳои он барои қишри осебпазири ҷомеа чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

 





           

Дабири кулли СММ ба иштирокдорони нишаст тавсия додааст, ки ба мушкилоти вазъи муҳоҷирон, ки ба бӯҳрони молӣ марбут аст, таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир созанд. Ӯ пешниҳод кардааст, як низоми нави иқтисодиву молиявӣ, ки таҷассумгари тағйироти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон бошад, ташкил гардад, то ки мамолики дорои иқтисоди начандон қавӣ ва кишварҳои дарҳоли рушд қарордошта имкон дошта бошанд, дар ҳалли тасмимоти муҳим дар ин бахш ширкат варзанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.