Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «ВАО ва қонунгузории ҶТ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
намояндагони сохтори давлатӣ ва ВАО Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро баррасӣ карданд.
Чӣ тавре ки аз Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Саймурод Фаттоев, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии сарвари давлат Саидалӣ Сиддиқов, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов ва дигарон маърӯза карданд.
«Иштирокдорони ҷаласа атрофи қонуни мазкур фикру андешаҳои худро иброз дошта, масоили роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни сохтори ҳукуматӣ, васоити ахбори умум ва ҷомеаро мавриди муҳокима қарор доданд», – афзуд манбаъ.


