Дар вилояти Маскав бар асари сӯхтор яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак – Георгий Тихонов ба ҳалокат расид

            Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 27-уми март бар асари сӯхтор дар манзили беруназшаҳрии худ дар вилояти Маскави Русия яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак Георгий Тихонов дар синни 75-солагӣ ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, дар хонаи фавтида дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сими барқӣ оташ гирифта, сипас тамоми хонаро […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 27-уми март бар асари сӯхтор дар манзили беруназшаҳрии худ дар вилояти Маскави Русия яке аз нахустин сарварони нерӯгоҳи Норак Георгий Тихонов дар синни 75-солагӣ ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, дар хонаи фавтида дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо сими барқӣ оташ гирифта, сипас тамоми хонаро сӯхтор фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, фавтида кӯшидааст, оташро хомӯш созад, вале ин ба ӯ муяссар нагаштааст. То ҳанӯз дигар сабабҳои фавти Г.Тихонов маълум нест.





           

Иқтисодчии шинохтаи Тоҷикистон Георгий Кошлаков мегӯяд, саҳми Георгий Тихонов дар рушди бахши энергетикаи ҷумҳурӣ хеле бузург аст. «Солҳои 60-уми қарни гузашта ӯ роҳбарии «Норакгидрострой»-ро ба ӯҳда дошта, ҳамчун пудратчии иншоот фаъолият дошт ва таҳти сарварии ӯ дар корхонаи алюминии тоҷик корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуда буданд», – изҳор дошт ӯ.




           

Имрӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикону хешовандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.