Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳангоми муаррифии гузориши иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафарҷон Ҳотамов изҳор дошт, ки мизони афзоиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009 ба 3 дарсад баробар хоҳад шуд.
Тибқи пешгӯии БРО, соли 2010 вазъ дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, мизони афзоиши иқтисод то 4 дарсад боло хоҳад рафт.
Ба гуфтаи З.Ҳотамов, сарфи назар аз коҳиши истеҳсолот дар бахши алюминий ва пахтакорӣ, рушди иқтисоди ҶТ дар соли 2008 ба андозаи 7,9 дарсад устувор боқӣ монд. «Қобили зикр аст, ки рушди иқтисод сол то сол вобастагии худро ба алюминиву пахта камтар месозад», – гуфт ӯ.
З.Ҳотамов мегӯяд, коҳиш додани заминҳои кишти пахта ва гузаштан ба истифодаи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба рушди иқтисод дар соли 2009 мусоидат мекунад.
Зимни ибрози ақида дар бораи тавррум номбурда гуфт, дар гузориши БРО қайд карда мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2008 мизони тааррум дар Тоҷикистон 11,9 дарсадро ташкил дода, вале сатҳи таваррум ба ҳисоби миёна хеле баланд – 20,7 дарсад боқӣ мондааст. «Интизор меравад, ки соли равон мизони таваррум ба 12-13 дарсад баробар хоҳад шуд», – афзуд З.Ҳотамов.



