Баҳои БРО: Сарфи назар аз коҳиши истеҳсолот дар бахши алюминий ва пахтакорӣ, рушди иқтисоди ҶТ дар соли 2008 устувор боқӣ монд

  Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳангоми муаррифии гузориши иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафарҷон Ҳотамов изҳор дошт, ки мизони афзоиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009 ба 3 дарсад баробар хоҳад шуд. Тибқи пешгӯии БРО, соли 2010 вазъ дар […]

Виктория Наумова




 



Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳангоми муаррифии гузориши иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафарҷон Ҳотамов изҳор дошт, ки мизони афзоиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2009 ба 3 дарсад баробар хоҳад шуд.



Тибқи пешгӯии БРО, соли 2010 вазъ дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, мизони афзоиши иқтисод то 4 дарсад боло хоҳад рафт.

 




Ба гуфтаи З.Ҳотамов, сарфи назар аз коҳиши истеҳсолот дар бахши алюминий ва пахтакорӣ, рушди иқтисоди ҶТ дар соли 2008 ба андозаи 7,9 дарсад устувор боқӣ монд. «Қобили зикр аст, ки рушди иқтисод сол то сол вобастагии худро ба алюминиву пахта камтар месозад», – гуфт ӯ.



З.Ҳотамов мегӯяд, коҳиш додани заминҳои кишти пахта ва гузаштан ба истифодаи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба рушди иқтисод дар соли 2009 мусоидат мекунад.



Зимни ибрози ақида дар бораи тавррум номбурда гуфт, дар гузориши БРО қайд карда мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2008 мизони тааррум дар Тоҷикистон 11,9 дарсадро ташкил дода, вале сатҳи таваррум ба ҳисоби миёна хеле баланд – 20,7 дарсад боқӣ мондааст. «Интизор меравад, ки соли равон мизони таваррум ба 12-13 дарсад баробар хоҳад шуд», – афзуд З.Ҳотамов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.