Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ бозии нахустини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 баргузор шуд
Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазоарти молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар бозӣ соҳибони вомбарг ва нозирони мутақил ширкат варзиданд. Дар маросими оғози бозӣ муовини вазири молия Ҷамшед Норинов муҳим будани ҷалби воситаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба соҳаи молия тавассути баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ таъкид сохт.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 1 марти соли 2009-ум бар ивази вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-умро, ки арзишашон 10 cомонӣ ва 20 сомонӣ мебошад, ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот баровард.
Муштариён метавонанд ба ҳамаи муассисаҳои «Амонатбонк» барои харидории вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 муроҷиат намоянд. Аҳолии ҷумҳурӣ вомбаргҳои давлатии барориши соли 2002-юмро бе мамоният ба вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 иваз намуда метавонанд.



