Дар Душанбе бозии нахустини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 баргузор шуд

            Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ бозии нахустини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 баргузор шуд             Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазоарти молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар бозӣ соҳибони вомбарг ва нозирони мутақил ширкат варзиданд. Дар маросими оғози бозӣ муовини вазири молия Ҷамшед […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ бозии нахустини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 баргузор шуд





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазоарти молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар бозӣ соҳибони вомбарг ва нозирони мутақил ширкат варзиданд. Дар маросими оғози бозӣ муовини вазири молия Ҷамшед Норинов муҳим будани ҷалби воситаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба соҳаи молия тавассути баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ таъкид сохт.




           

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 1 марти соли 2009-ум бар ивази вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-умро, ки арзишашон 10 cомонӣ ва 20 сомонӣ мебошад, ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот баровард.




           

Муштариён метавонанд ба ҳамаи муассисаҳои «Амонатбонк» барои харидории вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 муроҷиат намоянд. Аҳолии ҷумҳурӣ вомбаргҳои давлатии барориши соли 2002-юмро бе мамоният ба вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 иваз намуда метавонанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.