Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист

Date:


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист. Вазифаи марказ аз ташхису табобат, назорати ҷараёни муолиҷа ва дахолати фаврӣ аз макони дигар тавассути телевизион иборат аст.




Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи ёрии махсуси ташкили хизматгузориҳои тиббии Вазорати тандурустии кишвар Сафар Сайфуддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маркази мазкур бо кӯмаку дастгирии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода мешавад. Дар ин кишварҳо чунин низом чандест муваффақона фаъолият дорад. «Маркази мазкур ба пизишкон имкон медиҳад, ки зимни табобат аз таҷрибаи якдигар пурсамар истифода кунанд», – гуфт ӯ.



Бо истифода аз таҷрибаи истифодаи телевизион вазорат рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараро баргузор намуд, ки дар он тариқи телевизион ба таври мустақим намояндагони вилояти Суғд низ иштирок карданд. «Мо тариқи Интернет ширкати мутахассисони вилояти Суғдро таъмин кардем ва агар дар давоми сол 15-16 чунин ҷаласа доир гардаду намояндагони аққалан як вилоят тариқи телевизион дар он ширкат варзанд, аз ҳисоби танҳо роҳкирои онҳо метавон 35-40 ҳазор сомониро сарфа сохт», – афзуд С.Сайфуддинов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...