Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист. Вазифаи марказ аз ташхису табобат, назорати ҷараёни муолиҷа ва дахолати фаврӣ аз макони дигар тавассути телевизион иборат аст. Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи ёрии махсуси ташкили хизматгузориҳои тиббии Вазорати тандурустии кишвар Сафар Сайфуддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маркази […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Маркази миллии муолиҷа тавассути телевизионро таъсис доданист. Вазифаи марказ аз ташхису табобат, назорати ҷараёни муолиҷа ва дахолати фаврӣ аз макони дигар тавассути телевизион иборат аст.




Чӣ тавре ки сардори шӯъбаи ёрии махсуси ташкили хизматгузориҳои тиббии Вазорати тандурустии кишвар Сафар Сайфуддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маркази мазкур бо кӯмаку дастгирии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода мешавад. Дар ин кишварҳо чунин низом чандест муваффақона фаъолият дорад. «Маркази мазкур ба пизишкон имкон медиҳад, ки зимни табобат аз таҷрибаи якдигар пурсамар истифода кунанд», – гуфт ӯ.



Бо истифода аз таҷрибаи истифодаи телевизион вазорат рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараро баргузор намуд, ки дар он тариқи телевизион ба таври мустақим намояндагони вилояти Суғд низ иштирок карданд. «Мо тариқи Интернет ширкати мутахассисони вилояти Суғдро таъмин кардем ва агар дар давоми сол 15-16 чунин ҷаласа доир гардаду намояндагони аққалан як вилоят тариқи телевизион дар он ширкат варзанд, аз ҳисоби танҳо роҳкирои онҳо метавон 35-40 ҳазор сомониро сарфа сохт», – афзуд С.Сайфуддинов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.