Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон Мадина Нурматова бар ин назар аст, ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон аслан таҷдиди назар нашуда, он барои ташкил ва рушди тиҷорат яке аз монеаҳои асосии маъмурӣ маҳсуб мегардад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, низоми иҷозатномадиҳии мавҷуда дар Тоҷикистон бештар дорои талаботи кӯҳнашудаи замони шӯравӣ аст. «Гузашта аз ин, низоми мазкур шаффоф нест, зеро аксари соҳибкорон ба як қатор асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дастрасӣ надоранд», – гуфт ӯ.
М.Нурматова таъкид сохт, ки доштани иҷозатнома барои аксари соҳибкорон ҳатмӣ аст, вале барои гирифтани он вақту маблағи зиёд масраф мегардад ва соҳибкоррро баҳри ба даст овардани иҷозатномаи оғози фаъолият лозим аст, ду моҳ интизорӣ кашад. «Мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа ба афзоиши ришвахӯрӣ ва пардохти маблағҳои ғайрирасмӣ ба мансабдорон шароит фароҳам месозад, ки чунин вазъ аксари шаҳрвандонро аз машғул гардидан ба фаъолияти соҳибкорӣ бозмедорад», – баён дошт вай.
Ба назари коршинос, мушкилоти зикргардида натиҷаи мавҷуд набудани низоми ягона аст. «Бидуни ворид сохтани тағйирот дар низоми иҷозатномадиҳии ҷумҳурӣ, интизорӣ доштани беҳбуди фаъолияти соҳибкории хурду миёнаро чашмдор будан нашояд», – афзуд М.Нурматова.



