Бидуни тағйири низоми иҷозатномадиҳӣ самараи фаъолияти соҳибкорӣ беҳтар нахоҳад гашт, – назари коршинос

            Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон Мадина Нурматова бар ин назар аст, ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон аслан таҷдиди назар нашуда, он барои ташкил ва рушди тиҷорат яке аз монеаҳои асосии маъмурӣ маҳсуб мегардад.             […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон Мадина Нурматова бар ин назар аст, ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар Тоҷикистон аслан таҷдиди назар нашуда, он барои ташкил ва рушди тиҷорат яке аз монеаҳои асосии маъмурӣ маҳсуб мегардад.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, низоми иҷозатномадиҳии мавҷуда дар Тоҷикистон бештар дорои талаботи кӯҳнашудаи замони шӯравӣ аст. «Гузашта аз ин, низоми мазкур шаффоф нест, зеро аксари соҳибкорон ба як қатор асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дастрасӣ надоранд», – гуфт ӯ.




           

М.Нурматова таъкид сохт, ки доштани иҷозатнома барои аксари соҳибкорон ҳатмӣ аст, вале барои гирифтани он вақту маблағи зиёд масраф мегардад ва соҳибкоррро баҳри ба даст овардани иҷозатномаи оғози фаъолият лозим аст, ду моҳ интизорӣ кашад. «Мушкилоти мавҷуда дар ин соҳа ба афзоиши ришвахӯрӣ ва пардохти маблағҳои ғайрирасмӣ ба мансабдорон шароит фароҳам месозад, ки чунин вазъ аксари шаҳрвандонро аз машғул гардидан ба фаъолияти соҳибкорӣ бозмедорад», – баён дошт вай.




           

Ба назари коршинос, мушкилоти зикргардида натиҷаи мавҷуд набудани низоми ягона аст. «Бидуни ворид сохтани тағйирот дар низоми иҷозатномадиҳии ҷумҳурӣ, интизорӣ доштани беҳбуди фаъолияти соҳибкории хурду миёнаро чашмдор будан нашояд», – афзуд М.Нурматова.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.