«Барқи тоҷик» қарзашро дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» бо нерӯи барқ пардохт мекунад



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати саҳомии холдингии кушоди «Барқи тоҷик» қарзи худ ё қисмате аз онро дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» бо нерӯи барқ ҳисоббаробарӣ карданист, зеро дар мависми тобистон ҷумҳурӣ имкон дорад тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи ҷануби Русия нерӯи барқ интиқол диҳад.





           

Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзҳои наздик оид ба ҳалли масъалаи мазкур бо мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ ҷаласаи муштарак гузаронида мешавад.




           

Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, то имрӯз ба нерӯгоҳ 2 млн. сомонӣ аз маблағи қарз пардохта шудааст. Ба гуфтаи директори назорати техникии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 Маҳмадсаид Шамсуллоев, қисмате аз ин маблағ ҷиҳати пардохти музди меҳнати коргарон равона гардида, ба коргарон рӯзи ба коршиканӣ даст задан маош пардохта шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди Ҷ


C


К «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ширкат барқро аз нерӯгоҳ бо арзиши 3,1 барои 1 кВт/соат харидорӣ мекунад.


spot_imgspot_img

Популярное