Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) дар доираи татбиқи барномаи рушди таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ истеҳсолкунандагони ширро бо истифодаи таҷҳизоти санҷиши таъҷилии сифати шир ошно месозад.
Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, истифодаи таҷҳизоти мазкур имкон фароҳам месозад, ки шир дар маҳал мавриди санҷиш қарор гирифта, аз ҷамъоварии шири пастсифат пешгирӣ карда шавад. Ба иттилои манбаъ, истифодаи таҷҳизоти «Лактоскан» осон буда, он бо аккумулятор низ кор мекунад ва ширро дар муддати як дақиқа аз санҷиш мегузаронад.
«Истифодаи таҷҳизот ҳангоми гирифтани шир аз хонаводаҳо хеле қулай аст, зеро як литр шири пастсифат метавонад ба ҳаҷми умумии шири ҷамъовардашуда таъсири манфӣ расонад», – афзуд манбаъ.







