Эҷод сохтани монеа ба воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ба ин монанди истеҳсолкунандагони ватанӣ боис мегардад, – наз



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди шарҳи масъалаи маҳдуд кардани воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба кишвар раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов чунин ибрози ақида намуд, ки чунин иқдом ба болоравии нархи маҳсулоти ба ин монанди истеҳсолкунандагони ватанӣ боис мегардад ва интизорӣ доштани беҳбуди сифати моли истеҳсолкунандагони ватанӣ аз эҳтимол дур аст.





           

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Б.Ҳабибов изҳор дошт, ҷорӣ сохтани иқдоми мазкур рақобати озодро дар бозори дохилӣ заъиф сохта, ба коҳиши маҳсулот ва мутаносибан харидор оварда мерасонад. «Ҳар як иқтисодчӣ ба хубӣ дарк мекунад, ки то қадре мол дастнорастар гардид, арзиши он низ боло хоҳад рафт ва дар чунин ҳолат соҳибкори маҳаллӣ ба хубӣ хоҳад донист, ки истеҳсолкунандаи хориҷӣ дигар рақиби ӯ шуда наметавонад ва ба беҳбуди сифати молаш таваҷҷӯҳ зоҳир нахоҳад сохт», – гуфт ӯ.




           

Б.Ҳабибов мегӯяд, соли гузашта дар Русия воридоти мошинҳои навъи хориҷиро маҳдуд сохтанд, вале маълумоти оморӣ гувоҳи он аст, ки аз ин иқдом шумори воридоти мошинҳои навъи хориҷӣ коҳиш наёфта, ҳамзамон фурӯши автомобилҳои истеҳсоли ватанӣ низ зиёд нашудааст.


spot_imgspot_img

Популярное