Моҳи апрел дар Тоҷикистон тамринҳои низомии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешаванд

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 17-19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод тамринҳои низомии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд. Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 17-19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод тамринҳои низомии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат хоҳанд варзид. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории тамринҳо ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии хизматчиёни ҳарбӣ, табодули таҷриба ва омодагии минбаъда ба мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии сиёсӣ аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.