Моҳи апрел дар Тоҷикистон тамринҳои низомии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешаванд


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 17-19-уми апрели соли ҷорӣ дар машқгоҳи низомии Фахробод тамринҳои низомии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат хоҳанд варзид. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории тамринҳо ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии хизматчиёни ҳарбӣ, табодули таҷриба ва омодагии минбаъда ба мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии сиёсӣ аст.


spot_imgspot_img

Популярное