Кумитаи омори ИДМ: Моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ саноати Тоҷикистон нисбат ба саноати аксари кишварҳои узви ИДМ устуворӣ зоҳир сохт

Date:



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ коҳиши истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсадро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.





           

Тибқи маълумоти манбаъ, сатҳи коҳиши баландтарини истеҳсолоти саноатӣ мёни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар Украина ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 32,8 дарсад баробар аст.




           

Дар кишварҳои дигар узви ИДМ ин нишондиҳанда чунин аст: Молдова – 26,3; Қирғизистон – 25,1; Русия- 14,6; Арманистон – 9,7; Қазоқистон – 3,2; Озарбойҷон – 2,6 ва Белорус – 2,3 дарсад.




           

Дар бораи нишондиҳандаи мазкур оид ба Ӯзбекистону Туркманистон маълумот мавҷуд нест.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...