Ҳайати Шӯрои олимпии Осиё ба Душанбе меояд

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё таҳти роҳбарии президенти он – Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.             Чӣ тавре ки ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии ҶТ Ширинҷон Маҳмадсафоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз ташрифи ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё шиносоии наздик бо рушди ҳаракати олимпӣ дар […]

Валентина Кондрашова



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё таҳти роҳбарии президенти он – Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.





           

Чӣ тавре ки ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии ҶТ Ширинҷон Маҳмадсафоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз ташрифи ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё шиносоии наздик бо рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни сафар ҳайат бо ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳамкории минбаъдаи дуҷониба, татбиқи барномаҳои муштарак ва иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқоти Шӯрои Олимпии Осиё гуфтушунид хоҳад кард.




           

Ш.Маҳмадсафоев изҳор дошт, рӯзи 8-уми апрел ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё бо президенти Тоҷикистон ва президенти КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ороста, президенти Шӯро ба сарвари давлати Тоҷикистон барои хизмат дар рушди ҳаракати олимпӣ Мукофоти олии Шӯрои Олимпии Осиёро тақдим хоҳад кард.




           

Ба гуфтаи Ш.Маҳмадсафоев, ҷониби Тоҷикистон низ баҳри кӯмаки техникӣ барои баррасӣ ба ҳайати шӯро якчанд лоиҳаҳои марбут ба сохтмони иншооти варзишӣ дар кишварро пешниҳод мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.