Намояндагони парлумони Аврупо бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон шинос мешаванд

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сайдулло Хайруллоев ҳайати намояндагони парлумони Аврупоро таҳти сарварии Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт.             Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Хайруллоев ба меҳмонон оид ба фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ ва таърихи таъсиси он маълумот […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сайдулло Хайруллоев ҳайати намояндагони парлумони Аврупоро таҳти сарварии Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Хайруллоев ба меҳмонон оид ба фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ ва таърихи таъсиси он маълумот дода, изҳор дошт, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ парлумони Тоҷикистон аз таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо самаранок истифода мебарад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Она Юкневичене аз сохтори парлумони Аврупо ва фаъолияти он ҳарф зада, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи ҳамкории байнипарлумонӣ баҳри таъмини рушд рӯз то рӯз густариш хоҳанд ёфт.




           

Зикр гардид, ки бо дархости меҳмонон намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ

 

Шодӣ Шабдолов ва Олимҷон Салимзода ба онҳо роҷеъ ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.