Пйер Морел: Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд аз бунёди сарбандҳои азим худдорӣ кунанд

            Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Пйер Морел изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, аз тарзи муносиботи пешин даст кашида, ба роҳандозии муносибатҳои ҷадид шурӯъ созанд.             Ӯ таъкид сохт, ки ҳарчанд ИА дар […]

Пайрав Чоршанбиев





           

Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Пйер Морел изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, аз тарзи муносиботи пешин даст кашида, ба роҳандозии муносибатҳои ҷадид шурӯъ созанд.









           

Ӯ таъкид сохт, ки ҳарчанд ИА дар минтақа нақши умда надошта бошад ҳам, «мо тавсия медиҳем, ки дар масъалаи тақсими захоири об муносибатҳои нав пеш гирифта шаванд». «Дар шароити кунунӣ аз бунёди сарбандҳои азим барои нерӯгоҳҳо, ки ба муҳити зист хатар эҷод месозанд, мебояд даст кашид ва ба ивази он шумори нерӯгоҳҳои хурди барқиро афзун бояд кард», – гуфт ӯ.








           

Ба назари ӯ, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар минтақа таъсиси мақомоти ягонаи ҳамоҳангсозии масоили марбут ба захираҳои обӣ мувофиқи мақсад аст.

 

Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ номбурда гуфт, дар ин масъала Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои аз ҳама бештар осебпазиранд ва коҳиши маҳсулоти содиротиву ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон метавонад ба иқтисоди ин кишварҳо таъсири манфӣ расонад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.