Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад

Date:


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, зимни баргузории машваратҳо миёни вазоратҳои ду кишвар, ки рӯзи 7-апрел дар шаҳри Бишкек доир гардидааст, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил кардаанд.



Дар ҷараёни машварат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷиҳати тасдиқи вазирон омода сохтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди зерсохтори нақлиёт дар минтақа, афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли нерӯи барқ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Қарор шуд, ки машварати навбатии вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...