Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, зимни баргузории машваратҳо миёни вазоратҳои ду кишвар, ки рӯзи 7-апрел дар шаҳри Бишкек доир гардидааст, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил кардаанд. Дар ҷараёни […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар даҳаи дуввуми моҳи май дар Душанбе ҷаласаи аввали Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, зимни баргузории машваратҳо миёни вазоратҳои ду кишвар, ки рӯзи 7-апрел дар шаҳри Бишкек доир гардидааст, ҷонибҳо дар ин хусус тавофуқ ҳосил кардаанд.



Дар ҷараёни машварат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷиҳати тасдиқи вазирон омода сохтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди зерсохтори нақлиёт дар минтақа, афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва интиқоли нерӯи барқ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Қарор шуд, ки машварати навбатии вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.