Дар маҷлиси нахустини Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон раиси Шӯрои мудирон таъин карда шуд

Date:



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси Душанбе» Маҷлиси умумии нахустини Ассотсиатсияи «АмҶам Тоҷикистон» (Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис намояндагони 23 узви ассотсиатсия, ки ширкатҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷиро дар тамоми бахшҳои иқтисод намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.





           

Чӣ тавре ки як корманди Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маҷлиси умумӣ масоили марбут ба фаъолияти ассосиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба роҳандозии фаъолият ва рушди минбаъдаи он қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Дар маҷлис 9 аъзо ва раиси шӯрои мудирон, раисони кумитаҳо ва раиси комисссияи тафтишотии ассотсиатсия интихоб гардиданд. «Аз рӯи ҳисоби кумитаи интихобот, ки аз меҳмонони холис ташкил гардида буд, тавассути овоздиҳии пӯшида бо аксари кулли овоз директори генералии намояндагии


Tethys Petroleum

дар Тоҷикистон Назир Шарипов ба муддати ду сол ба вазифаи раиси шӯрои мудирон интихоб карда шуд», – гуфт ӯ ва фазуд, ки ҳамзамон сохтори ассотсиатсия ва ваколати ҳар як воҳиди ҷудогонаи он низ тасдиқ карда шуданд.





           

Эд Биман, мушовири минтақавӣ оид ба масоили техникии лоиҳаи беҳбуди муҳити тиҷорат /Корпоратсияи Прагма), ки узви ҳайати шӯрои мудирон интихоб гардид, гуфт, вохӯрии мазкур ҷиҳати оғози фаъолият ва ташаккули ассотсиатсия хеле муҳим аст. «Хурсандиовар аст, ки намояндагони бахши тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти хеш зарурати узвият ба ассостсиатсияро ба хубӣ дарк кардаанд», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...