Дар Тоҷикистон кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти ҷудогона» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон   кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад.             Намояндаи мардуми Лтофат Шарифова гуфт, пешниҳод дар бораи ворид кардани […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти ҷудогона» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон

 

кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад.





           

Намояндаи мардуми Лтофат Шарифова гуфт, пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳукумат ирсол шудааст ва дар сурати тасдиқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ барои фаъолият дар доираи воридоту содирот, фурӯш, коркард, истеҳсол, истифода ва нобуд сохтани маводи радиоактивӣ иҷозатномаи махсус ҷорӣ мегардад.




           

Ба гуфтаи Латофат Шарипова, пешниҳодоти мазкур аз ҷониби МАГАТЭ ва дигар созмонҳи байнулмилалӣ дастгирӣ ёфтааст. «Қабули тағйироти мазкур дар қонунгузорӣ ҳамчунин ба таъмини амният, беҳбуди вазъи экологӣ ва иҷрои ӯҳдадории байнулмилалии ҷумҳурӣ оид ба паҳн накардани маводи ҳастаӣ низ нигаронида шудааст», – афзуд намояндаи мардумӣ.




           

Тағйирот ва иловаҳои мазкурро намояндагони мардумӣ бидуни баҳсу мунозира якдилона тасдиқ карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.