Раиси ҲНИТ ва сафири Бритониёи Кабир вазъи иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Date:


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти раиси ҳизб, намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритниёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур баргузор шуд.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Тревор Мур ба масоили таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ», омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар кишвар ва назари раиси ҳизб дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир сохт.



Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ оид ба ибрози андеша дар бораи қонуни дар боло зикршуда изҳор доштааст, ки дар қонуни нав ҳеҷ яке аз пешниҳодоти ҲНИТ ба эътибор гирифта нашудаанд.



Дар мавриди омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ раиси ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки лоиҳаи қонуни нави интихобот, ки аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод шудаасту дар ҷараёни таҳияи он наояндагони ҲНИТ низ иштирок кардаанд, дастгирӣ хоҳад шуд.



Зимни ибрози ақида дар бораи таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳукуматдоронро ба бесалоҳиятӣ ва бо он айбдор сохтааст, ки пеш аз бӯҳрон вазъро мавриди таҳлил қарор надодаанд. «Дар Тоҷикистон ду кишвар мавҷуд аст: яке – виртуаливу рушдёфта ва амну осуда дар тасаввури ҳукумат ва дигаре – кишварест, ки мо дар он умр ба сар мебарем», – гуфтааст ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...