Раиси ҲНИТ ва сафири Бритониёи Кабир вазъи иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти раиси ҳизб, намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритниёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур баргузор шуд. Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Тревор Мур ба масоили […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти раиси ҳизб, намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритниёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур баргузор шуд.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Тревор Мур ба масоили таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ», омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар кишвар ва назари раиси ҳизб дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир сохт.



Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ оид ба ибрози андеша дар бораи қонуни дар боло зикршуда изҳор доштааст, ки дар қонуни нав ҳеҷ яке аз пешниҳодоти ҲНИТ ба эътибор гирифта нашудаанд.



Дар мавриди омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ раиси ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки лоиҳаи қонуни нави интихобот, ки аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод шудаасту дар ҷараёни таҳияи он наояндагони ҲНИТ низ иштирок кардаанд, дастгирӣ хоҳад шуд.



Зимни ибрози ақида дар бораи таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳукуматдоронро ба бесалоҳиятӣ ва бо он айбдор сохтааст, ки пеш аз бӯҳрон вазъро мавриди таҳлил қарор надодаанд. «Дар Тоҷикистон ду кишвар мавҷуд аст: яке – виртуаливу рушдёфта ва амну осуда дар тасаввури ҳукумат ва дигаре – кишварест, ки мо дар он умр ба сар мебарем», – гуфтааст ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.