Дар Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард

Қӯрғонтеппа. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард. Дар маросими мазкур ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Иззатулло Зоҳиров низ ширкат варзиданд. Дар суханронии худ бо забони тоҷикӣ сафири Амрико аз ҳозирин даъват […]

Сайраҳмон Назриев


Қӯрғонтеппа. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон «гӯшаи амрикоӣ»-и навбатиро ифтитоҳ кард. Дар маросими мазкур ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Иззатулло Зоҳиров низ ширкат варзиданд.




Дар суханронии худ бо забони тоҷикӣ сафири Амрико аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ин «гӯшаи амрикоӣ»-ро чун сарчашмаи дастрасии маълумот дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шиносоӣ бо имконоти донишандӯзӣ дар ИМА истифода баранд.



Ба гуфтаи сафир, дар ин гӯша истифодаи ройгон аз шабакаи Интернет, тамошои филмҳо, қироати китоб ва дигар шароити истироҳат дастрас аст. Ҳукуматдорони вилоят ба сафир изҳори миннатдорӣ намуда, муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.