Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили Ҳизби наҳзати исломии То
ҷ
икистон дар Ма
ҷ
лиси намояндагон имр
ӯ
з, 14-уми апрел, бо пешниҳоди як ариза ба порлумон аз намояндагии худ дар Ма
ҷ
лиси намояндагон даст кашид. Оқои Ҳимматзода пас аз навиштани як мақола дар бораи қонуни нави дин дар матбуот аз
ҷ
ониби мақомоти Ма
ҷ
лиси намояндагон таҳти фишор қарор гирифта, аз имтиёзоти вакилияш маҳрум карда шуд.
Дар аризаи Ҳимматзода ба порлумон омадааст:
“Ахиран, порлумони То
ҷ
икистон қонун дар бораи озодии ви
ҷ
дон ва эътиқоди дин
ӣ
ва иттиҳодияҳои диниро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили Ма
ҷ
лиси намояндагон мавқеъи хешро нисбат ба баъзе аз нуқсонҳои мав
ҷ
уда дар қонуни мазкур дар матбуот навиштам, зеро инро масъулияти дин
ӣ
ва ҳизбии ман тақозо мекард. Ч
ӣ
гуна ман ба унвони як шаҳрванди кишвар дар нисбат ба қонуне ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад, хом
ӯ
ш бинишинам, дар ҳоле, ки аз он тарафи уқёнус нисбат ба нуқсонҳои қонуни мазкур садои эътирози худро баланд карданд? Оё ман ҳамчун вакил ин ҳақро надорам, ки фикри худро дар ин мавз
ӯ
ъ баён созам?
Нашри он мақола боиси нороҳатии раиси ма
ҷ
лис ва дигар намояндагони мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин, раиси ма
ҷ
лис дастур содир намуд, то имтиёзҳои бандаро маҳдуд созанд.”
Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз феҳрасти умуми
ҷ
умҳуриявии Ҳизби наҳзати исломии То
ҷ
икистон ба Ма
ҷ
лиси намояндагон рафта буд. Акнун, тибқи муқаррароти Кумиссиюни марказии интихоботи То
ҷ
икистон нафари саввум аз феҳрасти ҲНИТ метавонад
ҷ
ойгузини Муҳаммадшариф Ҳимматзода шавад. ҲНИТ иттилоъ дод, ки ин нафари саввум аз феҳрасти ҳизб Муҳаммадал
ӣ
Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии То
ҷ
икистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадато Султонов, суханг
ӯ
и Ма
ҷ
лиси намояндагон ба гуфтааст, то кунун аризаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода расман вориди порлумон нашудааст.
Ӯ
гуфт, тибқи қавонини
ҷ
ории То
ҷ
икистон тартиби бозпас гирифтани ваколати депутат
ӣ
дар Ма
ҷ
лиси намояндагон ба овоздиҳ
ӣ
гузошта хоҳад шуд. ДЖар ин бора радиои Озодӣ бо истинод ба сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода хабар медиҳад.



