Президенти Тоҷикистон мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро дароз кард

Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вазорати молияи ҷумҳурӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро, ки соли гузашта баҳри сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буд, маъқул донист. Чӣ тавре ки муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласае, ки ахири ҳафтаи сипаригашта […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вазорати молияи ҷумҳурӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро, ки соли гузашта баҳри сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буд, маъқул донист.




Чӣ тавре ки муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласае, ки ахири ҳафтаи сипаригашта таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорати молия ва бонкҳо баргузор гардид, дар ин хусус қарор қабул карда шуд. «Бо мақсади дастгирии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар замони бӯҳрони молӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳои кишварро, ки соли гузашта ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буданд, то 1-уми ноябр дароз карда, дар навбати худ, миқдори пардохти фоизҳо ба вазорат аз 12 то 10 фоиз пасттар карда шуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ҷ.Норинов, сарвари давлат ба роҳбарони бонкҳо ҷиҳати паст кардани фоизҳои бонк аз 18 то 14 фоиз супориш дод.




           

Муовини вазири молия афзуд, феълан аз 140 млн. сомонии соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакор тавассути бонкҳо ҷудогардида ба вазорат 63 млн. сомонӣ маблағ баргардонида шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.