САҲА Дар Душанбе оид ба мавзӯи мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ семинар доир месозад

Date:


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси парлумони ҷумҳурӣ ва Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҶТ семинари минтақавии Ассамблеяи парлумонии созмон баргузор мешавад.




Чӣ тавре ки аз дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар семинар масъалаи мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи семинар нишасти хабарӣ доир мегардад ва ба суолҳои рӯзноманигорон намояндагони парлумон, Дафтари САҲА ва дигар шахсони расмӣ посух хоҳанд гуфт.



Зикр гардид, ки дар кори семинар намояндагони кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии САҲА аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Аврупо, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ва ҳамчунин роҳбари намояндагии САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин, намояндагони созмонҳои бйнулмилалӣ ва ВАО ширкат хоҳанд варзид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...