Фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид

            Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз бозистии чандинсола бо дастгирии вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид .             Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан дар ин коргоҳ аллакай 600 кило хонаи занбӯри асал тайёр […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз бозистии чандинсола бо дастгирии вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид .





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,



феълан дар ин коргоҳ аллакай 600 кило хонаи занбӯри асал тайёр карда шудааст, ки барои таъмини занбӯрисалпарварони кишвар басанда мебошад. «Тайи чанд соли ахир хонаи занбӯри асал аз кишварҳои ҳамсоя дастрас мегардид», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки соли равон вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад, 550 оилаи занбӯри асал харидорӣ намояд. «Соли равон ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард, вале бинобар бӯҳрони молӣ шояд он камтар карда шавад», – афзуд манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма, айни замон дар ҷумҳурӣ 134,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 16 ҳазор оила бештар мебошад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.