Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мегардад

            Хуҷанд. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мешавад.             Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди фурудгоҳ Рақиб Умаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути хатсайрҳои гуногун 55 ҳазор нафар мусофир ба хориҷи кишвар сафар кард, ки ин нишондиҳанда […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мешавад.





           

Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди фурудгоҳ Рақиб Умаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути хатсайрҳои гуногун 55 ҳазор нафар мусофир ба хориҷи кишвар сафар кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18 дарсад камтар аст. «Ғайр аз ин, 1500 кило моли почта ва 50 тонна борхои гуногун низ ҳамлу нақл шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 15 дарсад камтар аст», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, нархи роҳкиро дар ин давра боло нарафтааст. «Акнун барои раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъ ният дорем парвози тайёрҳоро ба хатсайрҳои нав, аз қабили Алмаато, Бишкек ва Чин ба роҳ монем», – афзуд Р.Умаров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.