Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт, – назари коршинос

Date:



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт.





           

Номбурда гуфт, тибқи маълумоти дар даст доштаи онҳо, 90-95 дарсад аз шумори умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик айни замон дар Русия қарор доранд ва қисми асосии муҳоҷирон, ки ба ватан баргашта буданд, аллакай ба Русия баргашта, соҳиби ҷойи корӣ шудаанд.




           

Ба гуфтаи Ф.Саидов, мувофиқи пешгӯӣҳои Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба ватан ба андозаи 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки он ба имконоти харидории аҳолӣ, низоми бонкӣ, буҷа ва гардиши мол дар ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд.




           

Дар мавриди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ коршинос ба сатҳи тахассусӣ ва маълумоти ғайриқаноатбахши муҳоҷирон ишора карда, гуфт, тайи 20 соли ахир низоми маълумоти касбии кишвар таҷдиди назар нашудааст ва бо назардошти рақобатпазирии шадид дар бозори меҳнат, он ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...