Қатъи пахши барномаҳои «РТР-Планета» муваққатӣ аст

            Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ омода аст, пешниҳоди расмии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар қаламрави ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ омода аст, пешниҳоди расмии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар қаламрави ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов хабар дод. «Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтаем, ки қарори қатъи пахши барномаҳои ин шабака ниҳоӣ асту дигар сари ин мавзӯъ барнамегардем ва агар аз ҷониби ширкати русиягӣ пешниҳодоти расмиву мушаххас садо диҳад, мо омодаем онро мавриди баррасӣ қарор диҳем», – гуфт ӯ.





           

Дар мавриди шарҳи масъалаи ба кадом шабака додани фазои қаблии пахши барномаи шабакаи телевизиони «РТР-Планета» номбурда гуфт, масъалаи мазкур дар ҳоли баррасист ва хоҳишмандони пахши барномаҳо тавассути он низ мавҷуданд, вале аз ба забон овардани номи аққалан яке аз ин ширкатҳо худдорӣ кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.