Дар Душанбе қурултойи хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон доир мегардад

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» рӯзҳои 20-22-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қурултойи хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистонро барпо мекунад. Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин чорабинӣ бори нахуст дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» рӯзҳои 20-22-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қурултойи хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистонро барпо мекунад.




Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин чорабинӣ бори нахуст дар қаламрави кишвари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар кори он намояндагони дисапораҳои қазоқ аз кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон иштирок хоҳанд кард.



Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 20-уми апрел дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мизи мудаввар созмон дода мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.