Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта қариб 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд

Date:



           

Душанбе. 17-уми апрелл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории семинари САҲА оид ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова гуфт, то имрӯз аз 180 ҷойи кории пешбинишуда дар Тоҷикистон баҳри пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳудуди 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд.





           

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта як қатор санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, дар семинар низ пешниҳод оид ба ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират» садо дод.



Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Сергей Пряхин гуфт, ахиран дар Тоҷикистон бисёр ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегарданд, ки ҷиҳати пешгирии авҷи бекорӣ дар замони буҳрони молӣ падидаи мусбат аст. Ӯ инъикоси симои манфии муҳоҷири меҳнатӣ дар васоити ахбори умумро ғайримақбул арзёбӣ намуда, изҳор дошт, Дафтари САҲА барои нашри маводи беҳтарин оид ба симои мусбати муҳоҷири меҳнатӣ озмун эълон хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...