Дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта қариб 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд

            Душанбе. 17-уми апрелл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории семинари САҲА оид ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова гуфт, то имрӯз аз 180 ҷойи кории пешбинишуда дар Тоҷикистон баҳри пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳудуди 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд.             Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 17-уми апрелл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории семинари САҲА оид ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова гуфт, то имрӯз аз 180 ҷойи кории пешбинишуда дар Тоҷикистон баҳри пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳудуди 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд.





           

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта як қатор санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, дар семинар низ пешниҳод оид ба ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират» садо дод.



Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Сергей Пряхин гуфт, ахиран дар Тоҷикистон бисёр ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегарданд, ки ҷиҳати пешгирии авҷи бекорӣ дар замони буҳрони молӣ падидаи мусбат аст. Ӯ инъикоси симои манфии муҳоҷири меҳнатӣ дар васоити ахбори умумро ғайримақбул арзёбӣ намуда, изҳор дошт, Дафтари САҲА барои нашри маводи беҳтарин оид ба симои мусбати муҳоҷири меҳнатӣ озмун эълон хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.