Доираҳои тиҷоратии Латвия ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд

Date:


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ҳайати намояндагони бонку соҳибкорони Латвияро таҳти сарварии сафири ин кишвар Игорс Апокинс ба ҳузур пазируфт.




Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Латвия ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани таҷҳизот ва технологияи муосир омодагӣ изҳор кардааст.



Ба иттилои манбаъ, намояндагони Латвия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо, истифодаи контейнерҳои қатора ва ҳаллу фасли масоили раводидро мувофиқи мақсад донистаанд.



Дар навбати худ Шариф Саид меҳмононро мутмаин сохт, ки ҷиҳати ҳалли масоили матраҳшуда ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишотро ба харҷ хоҳад дод.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...