Доираҳои тиҷоратии Латвия ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ҳайати намояндагони бонку соҳибкорони Латвияро таҳти сарварии сафири ин кишвар Игорс Апокинс ба ҳузур пазируфт. Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Латвия ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани таҷҳизот ва технологияи муосир омодагӣ изҳор […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ҳайати намояндагони бонку соҳибкорони Латвияро таҳти сарварии сафири ин кишвар Игорс Апокинс ба ҳузур пазируфт.




Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Латвия ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани таҷҳизот ва технологияи муосир омодагӣ изҳор кардааст.



Ба иттилои манбаъ, намояндагони Латвия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо, истифодаи контейнерҳои қатора ва ҳаллу фасли масоили раводидро мувофиқи мақсад донистаанд.



Дар навбати худ Шариф Саид меҳмононро мутмаин сохт, ки ҷиҳати ҳалли масоили матраҳшуда ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишотро ба харҷ хоҳад дод.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.