Парлумони ҷумҳурӣ аризаи истеъфои Ҳимматзодаро пазируфт


Душанбе. 22-юми апрел – Ма


ҷ


лиси намояндагони То


ҷ


икистон аризаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди истеъфоро пазируфт.




Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди як ариза ба порлумон навишта буд, ки мехоҳад, аз ваколаташ дар Ма


ҷ


лиси намояндагон даст кашад.



Оқои Ҳимматзода тасмими қатъи ваколати худ дар порлумонро вокуниш ба иқдомоти раиси Ма


ҷ


лиси намояндагон хонда буд, ки ҳама имтиёзоти вакилии


ӯ


ро лағв кардааст.



Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили ҲНИТ дар порлумони То


ҷ


икистон дар нахустин ан


ҷ


умани баъди даргузашти муассиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нур


ӣ


дар соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ин ҳизб баргузида шуд. То замони


ҷ


ангҳои дохил


ӣ




ӯ


раёсати ин ҳизбро бар


ӯ


ҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи мухолифин бо ҳукумат


ӯ


чанд муддат сафир оид ба супоришҳои махсуси давлати То


ҷ


икистон буд. Дар интихоботи соли 2000 ва 2005-уми Ма


ҷ


лиси намояндагон аз феҳристи ҳизб


ӣ


вориди порлумон шудааст. Аммо аз соли 2005 ба сабаби бемор


ӣ


наметавонист дар


ҷ


аласоти Ма


ҷ


лиси намояндагон ба таври мустақим ҳузур дошта бошад.



Ҳамакнун, мувофиқи феҳраси интихоботии ҲНИТ Муҳаммадал


ӣ


Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии То


ҷ


икистон ҳақ дорад, ки дар порлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро иваз кунад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


spot_imgspot_img

Популярное