«Tajik Air» барои ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд розигии ҷониби Ӯзбекистонро интизор аст

                  Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сарвари кулли ширкати миллии ҳавопаймоии « Tajik Air » Алимурод Маҳмадалиев изҳор дошт, ки парвози мунтазами тайёраҳо бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд пас аз имзои созишномаи байниҳукуматии кишварҳо ба роҳ монда мешавад.               Ба гуфтаи сарвари кулли ширкат, созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора […]

Виктория Наумова



     




           

Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сарвари кулли ширкати миллии ҳавопаймоии «


Tajik




Air


» Алимурод Маҳмадалиев изҳор дошт, ки парвози мунтазами тайёраҳо бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд пас аз имзои созишномаи байниҳукуматии кишварҳо ба роҳ монда мешавад.

 






           

Ба гуфтаи сарвари кулли ширкат, созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора комилан аз ҷониби Тоҷикистон маъқул шуморида шуда, феълан он мавриди баррасии ҷониби Ӯзбекистон қарор дорад ва дар сурати маъқул шуморидани он аз ҷониби Ӯзбекистон, ширкат омода аст, на танҳо ба шаҳри Тошканд, балки ба дигар шаҳрҳои кишвари ҳамсоя низ хатсайрҳои ҳавоӣ ифтитоҳ намояд.




           

«Дар музокироти мақомоти раҳбарии ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Ӯзбекистон йӯллари», ки рӯзи 4-уми март дар шаҳри Тошканд доир гардиданд, ҳамчунин ҷиҳати аз Ӯзбекистон харидорӣ намудани як миқдор тайёраҳои хурд ва таъмири тайёраҳои навъи «Боинг» дар таъмиргоҳи Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил шуд», – афзуд А.Маҳмадалиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.