«Корвони ваҳдат» ба Кӯлоб ворид гардид

            Кӯлоб. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Корвони ваҳдат» бо мақсади таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, ки солҳои ахир ба ҳукми анъана даромадааст, вориди Кӯлоб шуд.             Чӣ тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Ҳокиятмоҳ Ҳакимова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод,ҳайати корвон бо шумули профессор Отахон Сайфуллоев, адибону шоирон Абдулҳамид Самадов, Мирзо Файзалӣ, Ҳақназар Ғоиб ва Хосият […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Корвони ваҳдат» бо мақсади таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, ки солҳои ахир ба ҳукми анъана даромадааст, вориди Кӯлоб шуд.





           

Чӣ тавре ки муовини раиси вилояти Хатлон Ҳокиятмоҳ Ҳакимова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод,ҳайати корвон бо шумули профессор Отахон Сайфуллоев, адибону шоирон Абдулҳамид Самадов, Мирзо Файзалӣ, Ҳақназар Ғоиб ва Хосият Вализода дар донишгоҳи Кӯлоб ва ҷамоати Даҳана бо донишҷӯёну аҳолии маҳаллӣ мулоқот ороста, ба ҳозирин тамоми роҳи тайкардаи кишвар то расидан ба истиқлоли миллиро бо мисолҳои мушаххас ва образҳои бадеӣ шарҳ доданд.




           

Ҳ.Ҳакимова гуфт, аҳли мулоқот ба назари шоирону адибон оид ба мушкилоти мавҷуда таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ба суолоти хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. «Корвони ваҳдат» сафари худро аз ноҳияи Бохтар оғоз намуда, пас аз шаҳри Кӯлоб ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор мегардад ва сипас аз минтақаи кӯҳистон озими вилояти Суғд хоҳад шуд», – афзуд муовини раиси вилояти Хатлон.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.