«Сомон Капитал» дар мизи мудаввар гузориши таҳлили соҳаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҷумҳуриро шарҳ дод

Date:



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси ширкати сармоягузории «Сомон Капитал» дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шарҳи соҳаи маҳсулоти қаннодӣ: мушкилот, вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли он» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии марбути ин соҳа ва истеҳсолкунадагони маҳсулоти қаннодиии кишвар ширкат варзиданд.





           

Чӣ тавре ки аз ширкати сармоягузории «Сомон Каритал» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони мизи мудаввар атрофи масоили вазъи соҳаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҷумҳурӣ ва истифодаи пурсамари имконоти он табодули афкор намуданд. «Ширкати мо гузориши таҳлилии ин соҳаро ба иштирокдорон пешниҳод кард, ки дар он мушкилоти соҳа, омилҳои боздорандаи рушд ва имконоти ашёи хоми истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар Тоҷикистон то соли 2000 мудом поин рафта, ахири соли 1999 он ба андозаи 99 дарсад нисбат ба ҳаҷми соли 1991 коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми бозори дохилии ин маҳсулот беш аз 45 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад, ки ин ба ҳаҷми истеҳсоли соли 1991 баробар аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...